Фурӯши қувваи барқ

Яке аз муҳимтарин дар кори ширкати «Помир Энерҷӣ» Департаменти фуруш ва маркетинг мебошад. Натиҷаи ниҳоии тамоми кормандони корхона аз касбият, қобилияти кор кардан бо мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти ниҳоии фаъолияти дигар бахшҳо ва хазматрасонии ширкат вобаста аст. Шуъбаи фуруш ва маркетинг як сохтори мустақили Ширкат мебошад. Фаъолияти асосии департамент назорат аз болои фуруши нерӯи барқ, нишондоди ҳисобкунакҳои барқӣ, пешниҳод намудани ҳисобварақа ва ҷамъоварии маблағ, хизматрасонӣ ба муштариён, ҷамъоварии маълумот ва баҳисобгирии онҳо мебошад.

Вазифаи асосии департаменти ин таҳлил ва хулосаҳо оиди самаранокии иқтисодии чорабиниҳо мувофиқи системаи биллингӣ, такмил додани технология ва кор бо муштариен аст.

Барои ин, департаменти фуруш ва маркетинг дар кори худ ба ҳисобҳо, асасноккунӣ ва маълумоти ибтидоӣ барои таҳияи нақшаҳои ояндадор ва ҷории фурӯши нерӯи барқ такя мекунад. Мавод барои таҳлили ҳармоҳа, семоҳа ва солонаи иқтисодии фаъолияти Ширкат, маълумот дар бораи иҷрои нақшаҳои истеҳсолӣ ва фуруш, маълумот барои таҳлили иқтисодӣ, ҳисоббаробаркунии самаранокии фуруш ва пардохт, кори ҳаррузаи кормандони шуъба мебошад.

Сохторҳои асосии таъминкунии шуъба бо иттилооти зарурӣ инҳоянд:

Шуъбаи тақсимот ва назорати нерӯи барқ (ОРиКЭ). Шӯъба иҷрои реҷаи зикршудаи истеъмоли қувваи барқ, таҳлил ва фарқияти қувваи барқ ва кам кардани талафотро назорат мекунад.

Лаболатория

Лаболатория соли 2004 таъсис ёфта таъмир ва санҷиши ҳисобкунакҳои барқ, тафтиш ва иваз кардани ҳисобкунакҳои барқ дар неругоҳҳо, зеристгоҳҳо обхезиҳои системавӣ ва  баҳисобгирии сарчашмаҳо ташкил ва иштирок менамояд.                            

Лаболатория дар бораи схемаҳои ҳисоби барқӣ дар неругоҳҳои системаи энергетикӣ, зеристгоҳҳо, нуқтаҳои ҷараёни байнисистемавӣ ва баҳисобгириро пешниҳод мекунад. Инчунин муҳлати санҷиши давлатии банақшагирии ҳисобкунакҳои барқро назорат мекунад. Санҷиши фаврии баҳисобгирии нерӯи барқро пас аз гарифтани сигнал дар бораи корношоямкунӣ ё қатъи он ба минтақаи хизматрасонӣ мерасонад.

Маркази компютерӣ

Кормандони маркази компютерӣ тавозуни моҳонаи пардохт барои истифодаи қувваи барқро тартиб медиҳанд ва ба база ворид мекунанд. Барои сохторҳои Ширкат руйхати муштариёне, ки ҳаққи қувваи барқи истифодашударо напардохтаанд, пешниҳод менамояд. Базаи муштариёнро оиди пардохти ҳаққи барқ, зиёдшавии муштариёни қарздор дастгирӣ менамояд ва таҳлилҳои ҳисоботҳои заруриро барои КЭМ-ҳо омода мекунад. Навсозиҳо ва нигоҳдории боэътимоди тамоми ҷамъоварӣ, фурӯш ва маълумоти ҳисобномаҳои Ширкатро назорат мекунад.

Марказҳои хизматрасонӣ

Марказҳои хизматросонӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнон ва Рушон фаъолият намуда, барои хизматрасонӣ ба мизоҷон амал мекунанд. Ҳалли мушкилотро аз руи принсипи «равзанаи ягона» ба роҳ монда, дар

ин ҷо шумо метавонед дар бораи ҳолати ҳисобварақа, қарзҳо барои як сол ё бештар, ҷарима, мушкилотҳо оиди пайвастшавӣ ба хати барқ ва зиёда аз 40 масъалае, ки муштариён доранд, маълумот гиред.

Шуъбаи иттилоотӣ

Шӯъбаи иттилоотии департаменти фуруш ва маркетинг бо истифода аз ҳамаи намудҳои ВАО ҳамаи маълумотҳои марбут ба Ширкатро сари вақт ба муштариён мерасонад. Варақаҳои иттилоотӣ, брошюраҳо ва маводҳои таълимиро барои муштариён таҳия ва пешниҳод менамояд. Инчунин ба ҳавасмандгардонии иштироки муштариён барои омода кардани бюллетенҳо, барномаҳои аз ҷиҳати иҷтимои муҳим ва эълони тавассути ВАО машғул аст.

Мавқеи сиёсати Ширкатро дар ҷомеа амалӣ менамояд. Маълумоти ҳармоҳаро дар бораи навигариҳои Ширкат, маводҳо ва суханрониҳои кормандони масъули Ширкат, мулоҳизаҳои оммавӣ дар бораи фаъолияти ширкат омода намуда, маҷаллаи иттилоотию таҳлилии «Pamir Energy»-ро ҳар моҳ нашр мекунад.

Маркази муроҷиҳати шаҳрвандон(Колл Сентр)

Ширкати Помир Энерҷӣ расман маркази зангро кушод. Лоиҳа дар доираи як барнома оид ба баланд бардоштани миқдор ва сифати хизматрасонӣ ба муштариён амалӣ шудааст.

Ширкат воситаи иловагии муоширати мустақими инфиродӣ бо муштариёни неруи барқ ба даст овардааст, ки ин бешубҳа сатҳи эътимод ва фикру мулоҳизоти муштариёнро афзун хоҳад кард-иброз дошт директори генералии ширкати Помир Энерҷӣ Далер Ҷумъаев, дар маросими ифтитоҳи марказ. Ифтитоҳи чунин марказ барои Ширкат як руйдоди беназир буда, ҳамаруза муроҷиати садҳо зангҳои муштариёнро бо рақами ягонаи 0404 қубул менамояд.