Барои муштариён

Нархгузорӣ

Барои муштариёни ВМКБ аз соли 2010 то инҷониб нархи тарофаи қувваи барқ 3,25 сенти ИМА-ро ташкил медиҳад( бо қарори Шурои директорони “Помир Энерҷӣ” аз соли 2010 тарифҳои нерӯи барқ барои муштариён бетағйир мемонад.) Тариф барои аҳолӣ 2,75 сенти ИМА ва барои фурушӣ 5,16 сенти ИМА-ро ташкил медиҳад.

Мувофиқи Созишномаи консессионӣ, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ баста шудааст, тарифҳои нерӯи барқ ​​метавонанд болотар тағйир ёбанд, агар:

  • Тағйирёбии қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА;

  • Ҷалби инвеститсияҳои иловагӣ;

  • Тағйир додани меъёри андоз аз арзиши иловашуда

Мутаассифона, банди якуми шартҳо имруз рух дода истодааст, яъне тағйир додани қурби пули миллӣ нисбати доллари ИМА. Бо ин ҳол, нархномаҳо бо ширкати машваратии байналмиллалии “Штуки” мутобиқанд, ки вазъи иҷтимоии муштариёни Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшонро назорат мекунанд ва бо назардошти он, ки қувваи барқ манбаи ягонаи нур ва гармӣ дар вилоят мебошад ва тарифҳои дар боло зикршуда барои сокинони минтақа мақбул дониста мешавад.

Бо кумаки саховатмандонаи Ҳукумати Швейтсария, ҳар як сокини Вилояи Мухтори Куҳистони Бадахшон аз аввали ташкилёбии ширкат субсидия мегирад, ки ба онҳо имкон медиҳад, ки тақрибан ба ҳамин миқдор барқро дар дигар қисматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт намоянд.