Таърихи Ширкат
Таърихи Ширкат
Соҳаи энергетикаи ВМБК дар оғози солҳои 1990-ум асри гузашта ба бӯҳрони вазнин дучор омад. Дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ ҷиҳати кам будани иқтидори истгоҳи барқи обии «Хоруғ», барои таъминоти аҳолӣ дастгоҳҳои дизелӣ, ки сӯзишвории зиёди дизелиро харҷ мекарданд, истифода мешуданд. Ба шаҳри Хоруғ неруи барқ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз то 12 соат интиқол дода мешуд, аҳолии ноҳияҳо батамом аз барқ маҳрум буданд. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ овардани сӯзишвории дизелӣ ба вилоят тамоман қатъ гардид, ки ин вазъи таъминотро бо неруи барқ боз ҳам мушкилтар гардонд. Дар натиҷаи ин ва вазъияти вазнини баландкӯҳӣ беш аз 70 фоизи ҷангалзорҳо ба нестӣ расиданд.
Ба нияти беҳдошти вазъи ба амаломада дар моҳи декабри соли 2002 дар натиҷаи ба имзо расидани Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Хазинаи Оғохон оиди рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Ширкати «Помир Энерҷӣ» таъсис ёфт. Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрӯз боқӣ мондаанд.
Сармоягузорони асосӣ Бонки умумиҷаҳонӣ ($ 10 млн.), Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ($ 8 млн.), Хазинаи Оғохон оиди рушди иқтисодӣ (ФАХЭР) – ($ 8,7 млн.) мебошанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дод, ки имзои шартномаи мазкур усули самарабахштарини маблағгузорӣ, сохтмон, тараққиёт ва истифодабарии лоиҳа буда, эътимодият ва самараи таъминоти барқро дар ВМБК баланд мебардорад, инфраструктураеро, ки барои рушди ояндаи иқтисодиёти ВМКБ зарур аст, ташкил хоҳад дод. Ҳадафи лоиҳа – тавассути ҷалби бахши хусусӣ баланд бардоштани эътимодият ва афзоиш додани ҳаҷми қувваи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шакли устувори молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Тавассути меҳнати самарабахши мутахассисон дар муддати 10 соли фаъолият Ширкат таъминоти аҳолии вилоятро дар давраи мушкили тирамоҳу зимистон муваффақона ба роҳ монд. Имрӯз ҶСК «Помир Энерҷӣ» ба 213 ҳазор нафар сокинони вилоят, бо майдони фарогирии хизматрасонӣ 64 ҳазор километр, 8 ноҳия, 36343 адад муштариён, аз ҷумла ахоли - 32755, муассисаҳои давлатӣ - 1188, истеъмолкунандагони тиҷоратӣ – 2389 адад хизмат мерасонад.
ҶСК «Помир Энерҷӣ» 10-то неругоҳи барқи обиро дар ҳудуди ВМБК, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори 44,2 МВт идора мекунад. Дарозии шабакаҳои интиқоли барқ дар ВМБК (35/10/04 кВ) 4213,52 км-ро ташкил медиҳад.
Дар давоми фаъолияти Ширкат дар асоси Шартномаи консессионӣ чорабиниҳои зайл оид ба баланд бардоштани эътимодияти барқтаъминкунӣ дар ВМКБ ба иҷро расонда шудаанд: