Таъмири таҷҳизотҳо
Ба мақсади сари вақт таъмир намудани таҷҳизотҳои неругоҳҳо дар назди департаменти тавлиди барқ ду сехи нав – сехҳои электромеханикӣ ва оид ба таъмири трансформаторҳо сохта ба истифода дода шуданд. Сехи электромеханикӣ соли 2009 бо мақсади таъмири дастгоҳҳои электромеханикӣ ва таҷҳизоти гидротехникӣ таъсис гардид. Сех бо тамоми таҷҳизоти сифатноки ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардидааст. Коргарони сех бо таҷрибаи бисёрсолаи кориашон дар соҳаи энергетика беҳтарин сифатҳои хуби кориро доро мебошанд.
Сехи трансформаторӣ дар соли 2010-ум барои сари вақт таъмир кардани трансформаторҳо бо иқтидори аз 25 то 400 кВт ба фаъолият оғоз намуд. Дар давоми фаъолияташ дар ин ҷо аллакай беш аз 60 трансформаторҳои иқтидорашон ҳархела қисман ва пурра аз таъмир бароварда шуданд. Инчунин мутахассисони ин сех 130-то қулфҳои ҷевон (шкаф) барои муҳофизати ҳисобкунакҳо тайёр намуда, 7-то КТП-ро аз таъмир бароварданд.