Истеҳсоли қувваи барқ
ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даы истгоҳҳои хурду калони барқи обиро идора намуда, мавриди фаъолияти корӣ қарор доранд:
- НБО «Помир-1» - Сохтмони НБО-и «Помир-1» дар солҳои 1980-ум оғоз ёфта, соли 1994 навбати аввали он, яъне ду дастгоҳи нахустин бо иқтидори 14 МВт ба истифода дода шуд. Даври дуюми сохтмон дар соли 2005 бо ба иқтидори лоиҳавӣ - 28000 кВт расондани иқтидори он анҷом ёфт. Барои мӯътадил ва боэътимод таъмин намудани ҳавзи таъмини шабонарӯзии НБО дар фасли зимистон дар кӯли Яшилкул иншооти танзимкунанда бунёд шуда, бо ёрии он ҳаҷми лозимии об ба ҳавзи таъмини шабонарӯзии истгоҳ ворид мегардад.
- НБО-и «Хоруғ»- дар соли 1970 ба истифода дода шуда, 5-то дастгоҳи он ҳамагӣ 9000 кВт барқро истеҳсол мекунанд. Баъди таъсисёбии ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ» азнвсозии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва системаи идоракунии он амалӣ гардид. Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши НБО ду намуди ситема – системаи ПУМА – панели идоракунӣ бо дастгоҳҳои хурд, ва системаи САУ - тарзи идоракунии автоматикии гидроагрегатҳо ҷорӣ гардид.
- НБО-и «Намангут» - дар соли 1974 бо истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур дар ноҳияи Ишкошими ВМБК ҷойгир аст. Ду дастгоҳи он аз рӯи иқтидори лоиҳавӣ ба 2500 кВт баробар ҳастанд. Алҳол истгоҳ дар фасли тобистон бо иқтидори 1750 кВт, дар мавсими зимистон бо иқтидори 1500 кВт кор мекунад.
- НБО-и «Ванҷ» - дар соли 1968 бо истифода дода шуд. Истгоҳи номбурда дар ноҳияи Ванҷ ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он 1200 кВт аст. Ба ҳолати аввали соли 2012-ум иқтидори он 1050 кВт-ро ташкил дод.
- НБО-и «Точикистон» - баландтарин истгоҳи барқи обӣ дар ҳудуди ВМБК соли 1964 мавриди истифода қарор гирифт. Истгоҳ дар ноҳияи Мурғоб дар болои дарёи Оқ Су сохта шудааст. Иқтидори лоиҳавии 2 дастгоҳи истгоҳ 640 кВт буда, алҳол дар фасли тобистон 1500 кВт ва дар мавсими зимистон 160 кВт барқ истеҳсол мекунад.
- НБО-и «Шуҷанд» соли 1969 бо истифода дода шуд. Истгоҳи номбурда дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он ба 832 кВт баробар буд. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 550 кВт-ро ташкил дод.
- НБО-и «Техарв» дар соли 1995 бо истифода дода шуд. Истгоҳи мазкур дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи он 360 кВт пешбинӣ шудааст.Иқтидори истгоҳ ба ҳолати аввали соли 2012-ум 260 кВт-ро ташкил дода,ыозир ба 400 кВт баробар шуд.Истифодабарии неругоҳ бо мушкилоти зиёде ба даст меояд. Ягона дастгоҳи он дар соли 1947 истеҳсол гардида, кӯҳнаю фарсуда шудааст. Истгоҳ таъмири асосӣ ё иваз намудани дастгоҳро талаб дорад.
- НБО-и «Андарбак» дар соли 1999 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷи ВМБК ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии дастгоҳи он 300 кВт аст. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 240 кВт-ро ташкил дода, хозир ба 350 кВт баробар шуд.
- НБО-и «Сипонҷ» дар соли 1991 ба истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии ду дастгоҳи он 160 кВт буда, иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 80 кВт-ро ташкил дода, хозир ба 180 кВт баробар шуд.
- НБО-и «Савноб» дар соли 1989 бо истифода дода шуд. Истгоҳ дар ноҳияи Рӯшони ВМБК ҷойгир аст. Иқтидори лоиҳавии як дастгоҳи истгоҳ 80 кВт пешбинӣ шудааст. Иқтидори истгоҳ дар аввали соли 2012-ум 40 кВт-ро ташкил дода, хозир ба 60 кВт баробар шуд.
Иқтидори муқаррашудаи умумии неругоҳҳои номбаршуда 44,022 кВт-ро ташкил медиҳад. Бо қувваи ҳамаи истгоҳҳои барқистеҳсолкунандаи ҶСК Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар давраи аз соли 2002 то соли 2011 1 млрд. 525 млн. 971 ҳазору 307 кВт неруи барқ истеҳсол шудааст.