Шабакаҳои барқӣ
Дарозии шабакаҳои интиқоли барқ дар ВМБК (35/10/04кВ) 4213,52км-ро ташкил медиҳад.Барои баланд бардоштани сатҳи эътимодият ва кам кардани талафотҳои техникӣ дар шабакаҳои тақсимотӣ дар давоми соли 2012 дар масофаи 10,28км ХИБ-и 10кВ ва дар масофаи зиёда аз 44,5 км ХИБ-и 0,4кВ сохта шуд. Ба ғайр аз ин дар масофаи 31,5км ХИБ-и 35кВ, дар масофаи умумии 58,5км ХИБ-10кВ ва 0,4кВ аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар баробари ин дар масофаи беш аз 460 км дар ХИБ-ҳои 10 ва 0,4кВ аз шохаҳои дарахтон тоза карда шуданд. Дар ҳамаи трансформаторҳо корҳои профилактикӣ ва таъмирӣ амалӣ карда шуданд, ки он барои таъминоти мураттаб ва сифати интиқоли барқ мусоидат намуд.
Дар соли гузашта ҷиҳати фаъолияти пурсамари мутахассисони ширкат дар ҳамкорӣ бо муҳандисони ширкати «Чинт»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар зеристгоҳҳои марказӣ 35кВ-и НБО-и «Хоруғ» ячейкаҳои замонавӣ насб гардиданд, ки ин боиси баланд гаштани эътимоднокӣ дар истифодабарии шабакаҳои тақсимкунанда гардид. Чунин таҷҳизот қаблан дар ХИБ-и 35кВ «Буни-Рӯшон» насб шуда буд.