Хизматрасониҳо

Дар баробари таъминоти аҳолии ВМКБ бо қувваи барқ дар ихтиёри муштариён инчунин як қатор хизматгузориҳои истеҳсолӣ ва ахборотӣ мавҷуд аст. Аз онҳо дар марказҳои хизматрасонии шаҳр ва ноҳияҳо истифода бурдан мумкин аст. Муштариёни «Помир Энерҷӣ» дар ин ҷо оиди ҳисоботҳои кунунӣ ва ҳаҷми барқистифодабарӣ, тартиби пардохткунӣ, фаъолияти иҷтимоии Ширкат, ҷаримаандозиҳо ва ғайра ахборот гирифта метавонанд. Ба ин ҷо инчунин арзу шикоятҳои худро пешниҳод кардан мумкин аст. Дар хадамотҳои алоҳидаи Ширкат шароити техникӣ ва ба шабакаҳои барқрасонӣ пайвасткунии муштариёни нав сурат мегирад. Ҳамаи хизматгузориҳои зикршуда дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин ва сифатнок пешниҳод карда мешаванд.