Оиди Ширкат


Оиди Ширкат

ҶСК «Помир Энерҷӣ» ягона ширкати энергетики дар Тоҷикистон аст, ки дар шакли ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, дар асоси Шартномаи консессионӣ амал менамояд. Мақсади асосии таъсис додани ширкат ин таъмин намудани талаботи аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба неруи барқ ва мусоидат намудан ба рушди иқтисодӣ ва иҷтмоии ин вилоят мебошад. Ширкати «Помир Энерҷӣ» моҳи декабри соли 2002 дар натиҷаи имзои Шартномаи консессионӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ташкил ёфт. Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) ва Агентии Швейтсария оид ба рушди иқтисодӣ (SECO) ҳамчун шарикони молиявӣ буданд ва то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Ширкат дар асоси лоиҳаи хусусӣ ташкил шудааст.

Имрӯз Ширкати «Помир Энерҷӣ» барои тамоми муштариёни ВМКБ хизматрасонии барқро пешниҳод мекунад. Ҳудуди хизматрасонии Ширкат 64 000км, шумораи ноҳияҳо – 8, шумораи хоҷагиҳои аз хизмарасонии он бархӯрдор 328000 ададро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар тобеъияти Ширкат 10 адад неругоҳҳои барқӣ бо тавоноии умумии 44,2 МВт мавҷуд буда, онҳо дар шаҳр ва ноҳияҳои вилоят ҷойгир шудаанд. Дарозии умумии хатҳои интиқоли барқи (35/10/0,4 кВ) дар ҳудуди ВМКБ 4213,52 км-ро ташкил медиҳад. Аз моҳи майи соли 2008 Ширкати «Помир Энерҷӣ» инчунин мувофиқи имкон муштариёни деҳоти наздисарҳадии Бадахшони Афғонистонро бо қувваи барқ таъмин намуда истодааст.