Лоиҳаҳои амалишуда
НБО "ТОҶИКИСТОН"

Ҳадафи асосии ин лоиҳа таъмини босифати барқ дар ноҳияи Мурғоби ВМБК мебошад. Мувофиқи лоиҳа азнавсозии истгоҳи мавҷудаи «Оқ - Суу», расондани иқтидори истгоҳ то 1500 кВт дар назар аст.
Лоиҳа имкон медиҳад. ки яке аз проблемаҳои муҳим дар Шарқи Тоҷикистон вобаста ба норасоии таъминоти неруи барқ дар давраи зимистони каҳратун ҳалли худро пайдо кунад. Ноҳияи Мурғоби ВМБК аз рӯи нишондодҳои обу ҳавояш яке аз хунуктарин минтақаҳои Тоҷикистон мебошад ва норасоии барқ бахусус дар давраи зимистон вазъи маишию иқтисодии ноҳияро боз ҳам мушкилтар мегардонад. Барои мисол, солҳои пеш таътили зимимстона дар муассисаҳои маориф баъзан ҷиҳати набудани барқ ва иқлими сард нисбати дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дарозтар мегардад. Сабаби асосиаш иқлими қаҳратун ва танқисии неруи барқ аст. Хушбахтона амалишавии лоиҳа бо маблағгузории Бонки рушди Олмон (kfW) имконпазир гардида, НБО дар таърихи 13 сентябри соли 2018 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.