Лоиҳаҳои ҷорӣ

«Power Easy» - чунин номида мешавад системаи инноватсионие, ки Ширкат дар аввали сол муаррифӣ мекунад.

Ин система, ибороз дошт Ҷовид Асматбеков-менеҷери Шӯъбаи тақсимот ва назорати неруи барқ, мутахассиси соҳаи насб, татбиқ ва ҳамоҳангсозии "Power Easy" бо фаъолияти системаҳои мавҷуда. Ин система як қатор амалиётҳоро барои нест кардан, таҳлил ва пешниҳодҳо оид ба назорати параметрҳои техникии дастгоҳҳои ченкунӣ пешбинӣ мекунад.

Аммо ин вазифаи ягонаи ин система нест. "Power Easy" инчунин бо системаи мавҷудаи биллингӣ ворид карда мешавад. Ин барои назорати ҳамаҷонибаи ҳисобкунакҳои барқ имкон фароҳам меорад, ки дар вақти воқеи дараҷаи шиддат, иқтидор, басомад ва ҷадвали сарбориро дар вақти дилхоҳ бидонед.

Система инчунин имкон медиҳад, ки ба таври автоматикӣ муштириёне, ки барои истифодаи неруи барқ қарзи калон доранд муайян намояд ва аз барқ маҳдуд кунад. Яъне Ширкат маъмулан тавассути СМС паём ба муштариён дар бораи ҳисобҳои ҳақи қувваи барқ хабар медиҳад ва дар сурати қарздор буданашон тӯли 15 рӯз барои пардохти ҳақи қувваи барқ муҳлат медиҳад , пас аз он "Power Easy" ба таври автоматикӣ маҳдудияти интиқоли барқро ба чунин муштариён шурӯъ мекунад. То имруз ҳисобкунакҳои барқие, ки бо чунин система кор мекунанд дар маҳаллаҳои Хуфак ва Хлебзавод насб карда шуданд. Консентраторҳо аллакай насб карда шуда, санҷишҳо натиҷаи талабшударо доданд.

Қайд кардан зарур аст, ки чунин дастгоҳҳои ҳисобкунак танҳо дар вилояти мо истифода мешаванд.

Маҷмӯи пурраи хизмаирасониҳои бонкӣ аз ҷониби Ширкати «Помир Энарҷӣ» дар ҳамкорӣ бо Аввалин Бонки Молиявии Хурд дар соли 2019 пешниҳод карда мешавад.

Соли ҷорӣ Ширкат дар ҳамкорӣ бо Аввалин Бонки Молиявии Хурд «FMFB» лоиҳаи нави озмоиширо оғоз намуд. Барнома ба номи «Total Access Project» («Лоиҳаи фарогирии дастрасӣ») як қатор амалиётҳоро пешниҳод мекунад, ки амалиёти бонкиро махсусан дар минтақаҳои дурдаст ба таври назаррас ва сода пешниҳод мекунад.

Ҳамин тариқ, лоиҳа имкон медиҳад, ки пардохтҳои ғайринақдӣ барои хизматрасониҳои комуналӣ, истифодаи неруи барқ, пардохт барои таҳсил, интиқол ва гирифтани пул аз дигар кишварҳо, интиқол аз як корт ба корти дигар ва инчунин пур кардани тавозуни кортҳои истифодашуда.

Барои истифода намудани ҳамаи ин хизматрасониҳо, фақат корти пардохтии «Корти Осон» харидан лозим аст,ки он ба муштариён бе ягон монеа дода мешавад. Имруз барои гузаронидани амалиётҳои зикршуда, барои сафар ба шаҳри Хоруғ ё марказҳои ноҳия, ки дар он ҷо филиалҳои бонки мазкур мавҷуданд, лозим нест, ки вақт ва пулатонро сарф намоед. Шумо метавонед, ки ба нозири фуруши «Помир Энерҷӣ» муроҷиат намоед, то ки ҳамаи амалиётҳои бонкии ба шумо лозимаро иҷро кунад.

Лоиҳа дар аввали моҳи январ дар ҷамоати Вранг оғоз шуда, ба хизматрасониҳои кормандони Ширкат зиёда аз 200 нафар барои кушодани «Корти Осон», ки ҳамаи амалиётҳоро тавассути он гузаронида мешаванд,муроҷиат намуданд.

Имрӯз бо боварии комил оиди татбиқи минбаъдаи лоиҳа дар дигар ноҳияҳои вилоят гуфтан зарур аст.

Ҳамида Раҳмихудоева
Менеҷери лоиҳаи «Помир Энерҷӣ»

Лоиҳаҳои нави иҷтимоии барқтаъминкунӣ

Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Рушди Олмон KfW, Иттиҳоди Аврупо, Котиботи Швейтсария оид ба масъалаҳои иқтисодӣ (SECO) ва Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) дар чанд соли оянда якчанд лоиҳаҳои тавлид ва интиқоли барқро амалӣ карда истодааст.

Лоиҳаҳо барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар маҳалҳо ва минтақаҳо, инчунин таъмин намудани қишлоқҷойҳое, ки ба барқ дастрасӣ надоранд дар ВМКБ ва вилояти Хатлон равона карда шудааст. Лоиҳаи электрикунонии деҳот дар Тоҷикистон (TREP) ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Сохтмон ва ба истифода додани НБО-и Себзор бо иқтидори 11Мвт дар дарёи Шоҳдара ва зеристгоҳи ба он алоқаманд 6,6/35кВт.

  • Сохтмон ва ба истифода додани хати интиқоли барқи 110кВ дарозиаш 63км зеристгоҳи Хоруғ ва зеристгоҳи нави назди деҳаи Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим.

  • Ҳалли автономии барқикунонии 105 нуқтаи аҳолинишин, ки дар ВМКБ ва вилояти Хатлон ҷойгиранд, аз ҷумла технологияи хурди гидроэнергетикӣ, офтобӣ ва бодӣ ва хатҳои тақсимоти пасти барқ барои пайваст кардани ба шабакаи умумӣ маҳалҳои аҳолинишине,ки ҳоло ба барқ пайваст нашудаанд.

  • Ғайр аз ин, хати интиқоли барқии 110кВ бо дарозии 18км қувваи барқро дар НБО-и Себзор ба зеристгоҳи нави 110/35кВ дар шаҳри Хоруғ интиқол медиҳад.

Лоиҳаҳо бояд ба талаботи экологӣ ва иҷтимоии Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқат кунанд. Аз ин рӯ, Ширкати «Помир Энерҷӣ»арзёбии экологӣ ва иҷтимоӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои банақшагирии ин лоиҳаро омода кардааст. Ҳуҷҷатҳои мазкур ҳоло барои машварати ҷамъиятӣ ва шарҳу эзоҳ дар сомонаи зерин дастрасанд:

http://www.pamirenergy.com/ru/presscenter/public.php