Рӯшон: Омодагӣ ба фасли сармо идома дорад.

Рӯшон: Омодагӣ ба фасли сармо идома дорад.
21 Октября 2024
Рӯшон: Омодагӣ ба фасли сармо идома дорад
Давраи мухими омодагӣ ба давраи тирамоху зимистони солҳои 2024-2025 ин гузарондани таъмир, озмудани таҷҳизоти барқии нерӯгоҳҳо дар шароити ғайримуқаррарӣ, ҳамчунин муайян намудани нуқтаҳои нисбатан суст ва осебпазири инфрасохтори шабака мебошад.
Кормандони Комплекси энергетикии минтақавии (КЭМ)-и Ширкати «Помир Энерҷӣ» дар ноҳияи Рӯшон бо мақсади пешгирии камбудиҳои эҳтимолӣ, сари вақт анҷом додани таъмир ва таъмини боэътимоди қувваи барқ иншооти барқи ноҳияро ба фасли сармо омода карда истодаанд. Дар нерӯгоҳҳои нисбатан муҳими ноҳия «Шуҷанд» ва «Сипонҷ» таъмири пурраи агрегатҳо анҷом дода шуда, таҷҳизоти барқӣ аз санҷиш гузаронда шуд ва ба миқдори зарурӣ қисмҳои эҳтиётӣ захира гардидаанд.
Дар НБО-и «Шуҷанд» агрегати 2-юм таъмир карда шуда, дар сарбанди асосии нерӯгоҳ хати иловагии обгузар, ки дар фасли зимистон истифода мешавад, сохта шуд. Барои заводи нави консервабарорӣ хати интиқоли барқи 0,4 кВ бо дарозии 400 метр сохта, трансформатори нав бо иқтидори 160 кВА насб карда шуд. Ҳамчунин, ба манотиқи дурдаст, ки ба резиши сангу тарма осебпазиранд, барои зудтар барқарор кардани таъминоти барқ маводи зарурӣ расонида шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои расиши кӯтоҳ дар хатҳои интиқоли барқ ва таъмини амнияти сокинон корҳои тозакунии хатҳои интиқоли барқ аз шохаҳои дарахтон идома доранд.