Ҳисобварақ

Ҳаққи қувваи барқ тавассути пешниҳод намудани ҳисобварақа ба муштариён, ба аҳолӣ, сохторҳои буҷавӣ ва тиҷоратӣ мутобиқи нишондоди ҳисобкунакҳои барқӣ.

Бояд қайд кард,ки дар ҳисобварақи ба муштариён пешниҳодшуда маблағи кумаки аз тарафи Ҳукумати Швейтсария ҷудогардида алоҳида нишон дода шудааст.

Системаи баллингӣ, ки аз соли 2008 то инҷониб дар ширкат ҷорӣ карда шудааст, ба муштариён на танҳо маълумот оиди истеъмоли қувваи барқ, балки инчунин дар бораи тамоми пардохтҳо ва қарзҳо барои як сол, ҷаримаҳо, санҷишҳо ва беш аз 30 намуди дигар маълумотҳо пешниҳод менамояд.

100 фоизи муштариёни шаҳри Хоруғ ва 100 фоизи муштариёни дигар минтақаҳо бо ҳисобкунакҳои нави электронӣ таъмин карда шудаанд, ки нишондоди онҳо бо панели идоракунӣ аз масофаи 5-7 метр гирифта мешавад.

Муштариён имкон доранд, ки ҳаққи барқро дар нуқтаҳои пардохти ширкат дар шаҳри Хоруғ ва марказҳои вилоятӣ, дар марказҳои хизматрасонии муштариён, инчунин дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо дар минтақаҳо пардохт намоянд.